1 Алиф, лом, ро. Ин [Қуръон] китобест, ки бар ту нозил кардем, то мардумро ба фармони Парвардигорашон аз торикиҳо [-и ширку ҷаҳл] ба рӯшноӣ [-и имон ва дониш] берун оварӣ, ба роҳи [Парвардигори] шикастнопазири сутуда
1 Алиф, лом, ро. Ин [Қуръон] китобест, ки бар ту нозил кардем, то мардумро ба фармони Парвардигорашон аз торикиҳо [-и ширку ҷаҳл] ба рӯшноӣ [-и имон ва дониш] берун оварӣ, ба роҳи [Парвардигори] шикастнопазири сутуда
2 Ҳамон] Аллоҳ таоло, ки он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст ва вой бар кофирон аз азобе сахт!
3 Касоне, ки зиндагии дунёро бар охират тарҷеҳ медиҳанд ва [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло бозмедоранд ва он роҳро мунҳариф мехоҳанд, инон дар гумроҳии дуру дарозе ҳастанд
4 Мо ҳеҷ паёмбареро ҷуз ба забони қавмаш нафиристодем, то [битавонад паёми илоҳиро] барояшон баён кунад. Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад, [ба адолати хеш] гумроҳ месозад ва [ба фазли хеш] ҳар киро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва Ӯ шикастнопазири ҳаким аст
5 Ва ба ростӣ, Мо Мӯсоро бо нишонаҳое равшани худ фиристодем [ва ба ӯ дастур додем], ки: «Қавматро аз торикиҳо [-и куфр] ба рӯшноии [тавҳид] берун овар ва рӯзҳои Аллоҳро ба онон ёдоварӣ кун. Бе тардид, дар ин [ёдоварӣ] барои ҳар шикебои шукргузор нишонаҳое [аз яктоӣ ва бузургии Аллоҳ таоло] аст
6 Ва [эй паёмбар, ёд кун аз] ҳангоме ки Мӯсо ба қавмаш гуфт: «Неъмати Аллоҳро бар худ ба ёд оваред, он гоҳ, ки аз [чанголи] фиръавниён наҷотатон дод, ки бадтарин [ва сахттарин] азобро бар саратон меоварданд: писаронатонро мекуштанд ва занонатонро [барои канизӣ] зинда мегузоштанд ва дар ин [амр] аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо озмоише бузург буд [то шикебоиятонро биёзмояд]»
7 Ва [ёд кунед аз] ҳангоме ки Парвардигоратон фармуд, ки: «Агар шукр гузоред, яқинан, [неъматамро] бар шумо меафзоям ва агар носипосӣ кунед, яқинан, азоби ман сахт аст»
8 Ва Мӯсо ба [онон] гуфт: «Агар шумо ва ҳамаи мардуми рӯи замин кофир шавед, пас, [ба Аллоҳ таоло ҳеҷ зиёне намерасад, чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло бениёзи сутуда аст»
9 [Эй кофирон] Оё хабари [ҳалокати] касоне, ки пеш аз шумо буданд, [монанди] қавми Нуҳ ва Од ва Самуд ва [низ] онон, ки баъд аз эшон буданд [ва] ҷуз Аллоҳ таоло касе аз онон хабар надорад, ба шумо нарасидааст? Паёмбаронашон бо далоил [-у муъҷизот]-и равшан ба сӯяшон омаданд, вале онон [ба нишонаи мухолифат] дастҳояшонро бар даҳонҳояшон ниҳоданд ва [ангушт ба дандон газиданду] гуфтанд: «Мо он чиро, ки шумо барои [иблоғи] он фиристода шудаед, инкор мекунем ва дар бораи он чи моро ба сӯяш мехонед, сахт дар тардидем»
10 Паёмбаронашон гуфтанд: «Оё дар [ягонагии] Аллоҳ таоло – Офаринандаи осмонҳо ва замин тардиде ҳаст? Ӯ шуморо [ба имон] фаро мехонад, то гуноҳонатонро бибахшояд ва ба шумо то муддати муайяне муҳлат диҳад». Онон гуфтанд: «Шумо ҷуз башаре ҳаммонанди мо нестед, [ва] мехоҳед моро аз он чи ки падаронамон мепарастиданд, боздоред. Пас, далели ошкоре [дар мавриди ростгӯиятон] бароямон биёваред»
11 Паёмбаронашон ба онон гуфтанд: «[Оре] Мо ҷуз инсонҳое монанди шумо нестем, вале Аллоҳ таоло бар ҳар як аз бандагонаш, ки бихоҳад [бо неъмати нубувват] миннат мениҳад ва сазовор нест, ки мо ҷуз ба иҷозати Аллоҳ таоло барои шумо далеле биёварем. Пас, муъминон бояд бар Аллоҳ таоло таваккал кунанд
12 Ва чаро бар Аллоҳ таоло таваккал накунем ва ҳол он ки ӯ моро ба роҳҳои [саодат]-амон ҳидоят намуд? Ва мо бар озоре, ки [дар роҳи рисолат] ба мо мерасонед, ҳатман, шикебоӣ мекунем ва таваккалкунандагон бояд фақат бар Аллоҳ таоло таваккал кунанд»
13 Ва касоне, ки куфр варзиданд ба паёмбаронашон гуфтанд: «Ё шуморо аз сарзаминамон берун мекунем ё ба оини мо бозгардед». Пас, Парвардигорашон ба онон ваҳй кард, ки: «Яқинан ситамгоронро нобуд мекунем
14 Ва ҳатман, шуморо пас аз онон дар замин ҷой хоҳем дод. Ин [азобу подош] барои касест, ки аз истодан [ба ҳангоми ҳисобрасӣ] дар пешгоҳи ман битарсад ва аз таҳдидам биҳаросад»
15 Ва [паёмбарон аз Аллоҳ таоло] дархости пирӯзӣ [бар кофиронро] карданд ва [саранҷом] ҳар гарданкаши ситезаҷӯ ноком [-у нобуд] шуд
16 [Ҳамон ки] Дузах пешорӯи ӯст ва ба вай обе аз чирки хунолуди [дузахиён] менӯшонанд
17 [Обе] Ки онро ҷуръа-ҷуръа меошомад ва [аз фарти тааффуну талхӣ] фурӯ бурданаш осону гуворо нест ва марг аз ҳар тараф рӯ ба сӯяш меоварад, вале намемирад ва азобе сахт [-у саҳмгине] пешорӯйи ӯст
18 Масали касоне, ки ба Правардигорашон куфр варзидаанд, [ин аст, ки] рафторашон ҳамчун хокистарест, ки дар рӯзи тӯфонӣ бод бар он мевазад, ки аз он чи кардаанд, чизе дар даст надоранд. Ин ҳамон гумроҳии дуру дароз аст
19 [Эй инсон] Оё надидӣ, ки Аллоҳ таоло осмонҳо ва заминро ба ҳақ офаридааст? Агар бихоҳад, шуморо [аз миён] мебарад ва офаринише ҷадид [ба ҷоятон падид] меоварад
20 Ва ин [кор] бар Аллоҳ таоло душвор нест