1 Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон.
1 Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон.
2 Сипос махсуси Аллоҳ таоло–Парвардигори ҷаҳониён аст.
3 Бахшандаи меҳрубон аст.
4 Молики рӯзи ҷазост.
5 [Парвардигоро] Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем.
6 Моро ба роҳи рост ҳидоят фармо [ва ҳамвора собитқадам бигардон].
7 Роҳи касоне [ҳамчун паёмбарон, шаҳидон, ростгӯён ва накукорон], ки ба онон неъмат додаӣ ва дар зумраи ғазабшудагон [яҳудиён] ва гумроҳон [масеҳиён] нестанд.