1 Ҳо, мим
1 Ҳо, мим
2 [Ин Қуръон] Аз сӯи Аллоҳи бахшандаи меҳрубон нозил шудааст
3 Китобест, ки оёташ ба забони арабӣ барои мардуме, ки медонанд, ба шевоӣ ва равшанӣ баён шудааст
4 [Китобе] Башоратдиҳанда ва бимдиҳанда аст, вале бештари мардум рӯйгардонанд ва [ҳақоиқро] намешунаванд
5 Мушрикон гуфтанд: «Дилҳои мо нисбат ба он чи моро даъват мекунӣ, дар пӯшише [аз бетафовутӣ] қарор дорад ва дар гӯшҳоямон сангинӣ аст ва миёни мо ва ту фосила аст, пас, ту ба кори худ машғул бош ва мо низ ба кори худ»
6 [Эй паёмбар, ба онон] бигӯ: «Ман фақат башаре ҳамчун шумо ҳастам [бо ин тафовут], ки ба ман ваҳй мешавад: «Маъбуди шумо маъбудест ягона, пас, ба Ӯ рӯй оваред ва аз Ӯ омурзиш бихоҳед ва вой ба ҳоли мушрикон!»
7 Онон, ки закот намепардозанд ва охиратро инкор мекунанд
8 [Вале] Муъминони некукор подоше бепоён доранд
9 Бигӯ: Оё он [Холиқи тавонманд]- еро, ки заминро дар ду рӯз офарид, инкор мекунед ва барояш ҳамтоёне қоил мешавед? Ин [Офаридгори яктост, ки] Парвардигори ҷаҳониён аст
10 Ӯ тайи чаҳор рӯз бар рӯйи замин кӯҳҳои устуворро падид овард ва дар он хайру баракати фаровон ниҳод ва ризқу рӯзии онро дуруст ба андозаи ниёзи тақозокунандагон муқаддар намуд
11 Он гоҳ ба осмон пардохт, дар ҳоле ки [ҳанӯз] ба сурати газ [дуд] буд. Ва ба осмону замин гуфт: «Хоҳ- нохоҳ аз дари таслим дароед». Он ду гуфтанд: «Бо майл аз дари таслим даромадем»
12 Сипас он тӯдаи газро ба сурати ҳафт осмон дар ду рӯз офарид ва ба ҳар осмоне барномаашро ваҳй кард ва осмони дунёро бо чароғҳое [аз ситорагон] оростем ва [аз шарри шаётин] ҳифз намудем. Ин аст тақдири [Парвардигори] шикастнопазири доно»
13 [Эй паёмбар] Агар онон [аз пазириши ислом] рӯй гардонанд, бигӯ: «Ба шумо дар бораи соиқае назири [он чи] қавми Оду Самуд [-ро аз пой даровард] ҳушдор медиҳам»
14 Он гоҳ ки паёмбарони илоҳӣ паёпай ба суроғашон меомаданд, [бо ин паём] ки: «Ҷуз Аллоҳро напарастед», онон [дар посух] мегуфтанд: «Агар Парвардигорамон мехост, [паёми ҳидоятгаре бифиристад] фариштагоне нозил мекард. Мо паёмеро, ки шумо маъмури [иблоғи] он ҳастед, бовар намекунем»
15 Аммо [қавми] Од ба ноҳақ дар замин такаббур меварзиданд ва мегуфтанд: «Чи касе нерумандтар аз мост»? Оё намедонистанд Аллоҳ таоло [он Холиқи якто]-е, ки ононро офарида, нерумандтар аз онон аст? Вале [бо ситезу гарданкашӣ] оёти Моро инкор мекарданд
16 Саранҷом тундбоде сарду сахт дар рӯзҳое шум ба онон фиристодем, то азоби расвоӣ [ва сангин]-ро дар зиндагии дунё ба онон бичашонем, вале азоби охират расвокунандатар аст ва [аз ҳеҷ сӯ] ёрӣ нахоҳанд шуд
17 Ва аммо қавми Самудро низ ҳидоят кардем, вале онон кӯрдилиро ба ҳидоят тарҷеҳ доданд ва ба [сазои] дастовардашон соиқаи азоби хоркунанда ононро фаро гирифт
18 Ва касонеро, ки имон оварда ва [аз гуноҳу нофармонӣ] парво мекарданд, наҷот додем
19 [Эй паёмбар, ёд кун аз] Рӯзе, ки душманони Аллоҳро ба сӯйи оташи дузах эҳзор мекунанд ва [аз парокандагӣ] бозмедоранд
20 То чун ба дузах мерасанд, гӯшу чашму пусташон аъмолашонро гувоҳӣ медиҳанд